Tagikistan

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Беларус Станислав Зас

Ховар - Ven, 14/12/2018 - 14:07

ДУШАНБЕ, 14.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Беларус Станислав Засро ба ҳузур пазируфтанд.

Ҷонибҳо доир ба масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, таъмини амнияту бехатарӣ ва суботу оромии минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Нақши муҳими Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои ҳамоҳангсозии тадбирҳои давлатҳои аъзо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромилӣ таъкид гардид ва ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамдастӣ дар мубориза ба зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Барои таъмини амнияту суботи минтақавӣ татбиқи мувофиқаҳои дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба дастомада, аз ҷумла қарори расонидани кумакҳои моддӣ-техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки сарҳади ҷанубии Созмон ба шумор меравад, ҳамчунин мусоидат ба фаъолияти густурдаи гурӯҳҳои марбутаи корӣ ва тақвияти ҳамдастии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ муҳим шуморида шуд.

Дар робита ба фаъолияти самарабахши Созмон ҷонибҳо мавзӯи таъин гардидани номзадии Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро баррассӣ намуданд. Дар ин зимн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати дастгирии номзади Ҷумҳурии Беларус ба ин мансаби сермасъул иброз доштанд.

Дар мулоқот ҳамзамон дигар мавзуҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.

Мулоқот бо Котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Беларус Станислав Зас 14.12.2018

Categorie: Tagikistan

Дар Тоҷикистон давоми се соли оянда беш аз 30 фестивалу намоиш ва иду озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳу сифати боз ҳам баландтар доир карда мешаванд

Ховар - Ven, 14/12/2018 - 13:54

ДУШАНБЕ, 14.12.2018./АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми се соли оянда беш аз 30 фестивалу намоиш ва иду озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳу сифати боз ҳам баландтар доир карда мешаванд. Дар ин бора  13 декабр Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.

Бо банди аввали  санади мазкур Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ карда шуд. Тибқи ин ҷадвал давоми се соли оянда дар мамлакат беш аз 30 фестивалу намоиш ва иду озмун, аз ҷумла моҳи январ ҷанши Сада, моҳи феврал Намоиши ниҳолҳо «Самари умри деҳқон» ва Фестивали заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз…», моҳи март Фестивали «Чакомаи гесӯ» ва ғайра баргузор карда мешаванд.   Сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон бори аввал шоҳид ва иштирокчии бевоситаи Фестивали либосҳои миллӣ ва муосир (моҳи июл),  Фестиавали яхмос ва обҳои ташнишикан (август), фестивал-намоишҳои  ангур ва дигар анвои меваҷот (сентябр), шолӣ ва биринҷ (октябр), чорвои зотӣ (ноябр), шириниҳои миллӣ ва муосир (декабр), ҳамчунин озмунҳои ҳунарҳои ороишӣ аз санг (январ), дастархонороӣ (феврал), омода кардани хуришҳои миллӣ ва муосир (май), каандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ, кулолгарӣ, мисгарию оҳангарӣ (июн), кулогарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ (июл) мегарданд. Бори аввал яке аз идҳои қадимии халқи тоҷик – «Сайри гули лола» дар шакли фарогир ва ҷаззоб  гузаронида хоҳад шуд.

Вобаста ба ин имрӯз Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо роҳбарони вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳое, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраршуда баргузор намудани ин тадбирҳо масъул гардонида шудаанд, машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат зикр карда шуд, ки   вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои масъул бояд низомномаи фестивал, намоиш, ид ва озмунҳоро таҳия ва сари  вақт ба мақомоти маҳаллӣ ирсол намоянд. Фестивал ва озмунҳо дар се давра баргузор карда мешаванд: давраи аввал дар сатҳи маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳракҳо, давраи дуюм – дар сатҳи ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо ва давраи ниҳоӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ.

Categorie: Tagikistan

Дар Тоҷикистон сатҳи фавти навзодон ва кӯдакони синни то панҷсола паст шуд. Натиҷаҳои таҳқиқоти тиббӣ-демографӣ муаррифӣ шуданд

Ховар - Ven, 14/12/2018 - 12:15

ДУШАНБЕ, 14.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои дуюмин Тақиқоти тиббӣ-демографии Тоҷикистон-2017 /ТТДТ/ муаррифӣ шуданд. Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти мазкур, давоми панҷ соли охир вазъи солимии аҳолӣ беҳтар шудааст. Аз ҷумла, дар ин муддат нишондиҳандаҳои фавти навзодон аз 33 ба ҳазор зиндатаваллуди соли 2012 то 27 ба ҳазор зиндатаваллуди соли 2017 ва фавти кӯдакони синни то панҷсола аз 43 ба ҳазор зиндатаваллуди соли 2012 то 33 ба ҳазор зиндатаваллуди соли 2017 расидааст. 

Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ, дар машварат роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок доштанд.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода иброз намуд, ки таҳқиқоти мазкур бо мақсади гирифтани маълумоти воқеӣ дар сатҳи умумимиллӣ оид ба таваллуд, исқоти ҳамл, банақшагирии оила, фавти навзодон ва кӯдакон, солимии модарону кӯдакон, ғизои занон ва кӯдакон, зӯроварӣ дар оила нисбат ба занҳо, бохабар будан аз  бемориҳои сил ва ВНМО/СПИД ва баҳодиҳии сатҳи некуаҳволӣ ва саломатии аҳолӣ гузаронида шудааст.

Муовини сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Гулмаҳмадзода таъкид кард, ки  яке аз ҳадафҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ- таъмини шароити зиндагии арзанда ба аҳолии кишвар мебошад. Ин нукта дар тамоми паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мегардад. Дар доираи Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум бо дарназардошти афзалиятҳо, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои низоми тандурустӣ, беҳбудии ҳифзи солимии модару кӯдак, дастрасии аҳолӣ ба ғизои солим, паст кардани сатҳи фавти аҳолӣ, махсусан фавти модарон ва кӯдакон ва ғайра яке аз мақсадҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар машварат инчунин кордори Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коварт, муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии Хазинаи нуфузи СММ /UNFPA/ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наргис Раҳимова, роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ /UNICEF/ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лучиано Калестини оид ба натиҷаҳои таҳқиқоти гузаронидашуда ибрози андеша намуданд.

Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон давоми 5 соли охир ду таҳқиқоти тиббӣ-демографӣ солҳои 2012 ва 2017 гузаронида шудааст. Натиҷаҳои таҳқиқоти соли 2017 дар муқоиса ба соли 2012 нишон медиҳанд, ки дар мамлакат вазъи демографӣ, саломатии аҳолӣ ва хизматрасонии тиббӣ беҳтар шудааст.

Масалан дар таҳқиқот бақайдгирии кӯдакони то синни панҷсола низ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Агар соли 2012 шумораи кӯдакони сари вақт аз қайди давлатӣ гузашта ҳамагӣ 88 % буд, он соли 2017 96 % -ро ташкил дод. Агар тибқи маълумоти таҳқиқоти соли 2012 дар маҷмӯъ 88 %-и занҳо дар беморхонаҳо таваллуд мекарданд, айни замон шумораи чунин занҳо то 96 % расидааст, ки ин аз баланд шудани маърифатнокии занон шаҳодат медиҳад. Акнун занон дарк кардаанд, ки бояд таваллуди онҳо дар беморхонаҳо дар шароити хуби тиббӣ, зери назорати мутахассисони баландихтисос ба амал биёяд.

Зани тоҷик имрӯз мекӯшад, ки миёни фарзандон фосила на кам аз 3 сол бошад, то кӯдаки солим ба дунё биёрад ва бо ғизои солим таъмин шавад.

Дар машварат инчунин натиҷаҳои охирин таҳқиқоти тиббӣ-демографии ҷумҳурӣ, аз ҷумла  таваллуд, исқоти ҳамл, банақшагирии оила, бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ҳуқуқҳои занон ва зӯроварӣ дар хона, инчунин дигар масоили вобаста ба солимии аҳолӣ муаррифӣ шуданд.

Зикр шуд, ки натиҷаҳои /ТТДТ/ барои таъмин намудани иттилооти зарурӣ, арзёбии стратегияҳо ва барномаҳои иҷтимоии амалкунанда, инчунин таҳияи барномаҳои  навбатӣ оид ба вазъи демографии аҳолӣ, саломатии аҳолӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқоти мазкур нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувори СММ то соли 2030 ба даст оварда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки таҳқиқоти тиббӣ-демографии Тоҷикистон-2017 аз 8 август то 11 ноябри соли 2017 бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ташаббуси Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумаки молиявию техникии Агентии рушди байналмилалии ИМА, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Хазинаи нуфузи СММ (ЮНФПА) гузаронида шуд.

Categorie: Tagikistan

Сурия ният дорад, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2020 дар Токио иштирок кунад

Ховар - Ven, 14/12/2018 - 11:20

ДУШАНБЕ, 14.12.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Кумитаи олимпии Сурия чунин меҳисобад, ки варзишгарони ин кишвар дар Олимпиадаи тобистонаи 2020, ки дар Япония баргузор мегардад,  иштирок карда метавонанд. Бо чунин изҳорот президенти ин кишвар Муваффақ Ҷумъа баромад кард. Дар ин бора  ТАСС хабар додааст.

«Соли 2016 баъд аз Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро мо варзишгаронеро, ки дар Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Япония иштирок карда метавонанд, омода намудем»,- иброз дошт ӯ.

М. Ҷумъа илова намуд, ки варзишгарони намудҳои гӯштини юнону румӣ, бокс, атлетикаи сабук ва вазнин, ҳамчунин шиноварӣ, ки яке аз намудҳои варзиши анъанавӣ дар Сурия ба шумор меравад,  имконияти бештари иштирок дар Олимпиадаро доранд.

«Шиноварони моҳир ба масофаҳои дарозтарин дорем,  ки агар онҳо аз санҷиш гузашта, ба дастаи мунтахаби Сурия ворид шаванд, натиҷаҳои хуб нишон хоҳанд дод. Мо умедворем, ки дастаи мунтахаби Сурия оид  ба футбол аввалин маротиба баъд аз танаффусҳои тӯлонӣ (аз соли 1980- эзоҳи ТАСС) ва бори дуюм дар таърихи ин намуд дар Бозиҳои олимпии Токио ҳунарнамоӣ хоҳад кард»,- зикр намуд ӯ.

Сурия аввалин маротиба соли 1948  дар Олимпиадаи тобистона иштирок намудааст. Дар тӯли ин муддат варзишгарони суриягӣ се медали олимпӣ – тилло (Гада Шуъа, муҳорибаи ҳафтгона, 1996), нуқра (Ҷозеф Атия, гӯштини озод, 1984) ва биринҷӣ (Носир аш-Шамӣ, бокс, 2014) ба даст оварданд.

Categorie: Tagikistan

Бо кӯшиши Наҷмиддини Кавкабии Бухороӣ бори аввал куллиёти шеърии мақом, аз ҷумла «Дувоздаҳмақом» тартиб дода шуд, — бардошт аз Конфронси байналмилалии илмӣ

Ховар - Ven, 14/12/2018 - 09:25

ДУШАНБЕ, 14.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Наҷмиддини Кавкабӣ ва анъанаҳои таърихию бадеии мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз» Конфронси байналмилалии илмӣ доир гардид.

Конфронсро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз бахшида, иброз дошт, ки имсол бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар 550 — солагии мусиқидон, шоир ва навозандаи тоҷик Наҷмиддини Кавкабӣ ҷашн гирифта мешавад. Қарори мазкурро Бунёди илму маориф ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) дастгирӣ намудааст.

Ба гуфтаи мудири шуъбаи таърих ва назарияи санъати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон професор Аскаралӣ Раҷабов, Наҷмиддини Кавкабии Бухороӣ аз барҷастатарин чеҳраҳои адабӣ буда, на танҳо дар Шарқи миёнаи наздик, балки дар  таърихи адабиёту фарҳанги  тоҷикон аввалин донишманде мебошад, ки масъалаи мусиқиро бо назм баён кардааст. Ӯ дар замони хеш аз чеҳраҳои номдори адабию ҳунарӣ маҳсуб шуда, дар таҳқиқи мусиқӣ эътибори зиёд пайдо намудааст. Кавкабӣ мактаби мусиқии Бухороро роҳбарӣ намуда, оид ба мусиқии тоҷик якчанд рисолаҳо таълиф кардааст. «Рисолаи мусиқӣ», «Рисола дар баёни Дувоздаҳмақом», «Куллиёти Дувоздаҳмақом», «Назми Дувоздаҳмақом» аз арзишмандтарин рисолаҳои муаллиф ба ҳисоб мераванд.

«То Наҷмиддини Кавкабӣ олимон доир ба мусиқии классикӣ, махсусан санъати мақом рисолаҳои зиёд навишта буданд, лекин бори аввал бо кӯшиши ӯ куллиёти шеърии мақом, аз ҷумла «Дувоздаҳмақом» тартиб дода шуд. Ин иқдоми Кавкабӣ минбаъд барои таҳияи матни назмиёти «Шашмақом» заминаи устувор гузошта, берун аз ҳавзаҳои Мовароуннаҳру Хуросон низ густариш ёфт. Ӯ мактаби классикии мусиқӣ, аз ҷумла, анъанаи эҷод, иҷро ва таҳқиқи «Дувоздаҳмақом» — ро дар шакли нав идома дод. Наҷмиддин аз чеҳраҳои бузурге мебошад, ки дар  такя ба суннатҳои дерини анъанаи эҷодӣ ва таҳқиқи мусиқӣ на танҳо дар ҳаёти фарҳангии Мовароуннаҳру Хуросон, инчунин дар ҳавзаҳои  дигари Эрон ва Ҳинд диди нав ворид карда,  таъсири зиёд гузошт»,-зикр намуд Аскаралӣ Раҷабов.

Categorie: Tagikistan

Дар Душанбе масъалаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд

Ховар - Ven, 14/12/2018 - 07:10

ДУШАНБЕ, 14.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории мутақобилан судманд ва дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки дар сатҳи шарикии стратегӣ ба роҳ монда шудаанд, дар ҳамаи сатҳҳо назаррас буда, ба рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва суботу амният дар минтақа мусоидат хоҳанд кард. Ин нукта имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории ҳамоиш таҳти унвони «Шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия- кафили рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва таъмини суботу амният дар Осиёи Марказӣ» баён гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҳамоиши мазкур аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҳаракати ҷамъиятии «Дӯстони Россия» роҳандозӣ карда шуд. Дар он намояндагони корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, коршиносону олимони тоҷик ва рус иштирок намуданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар зикр намуд, ки дурнамои муносибатҳои неку шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия дар ҳамаи соҳаҳо назаррас мебошад. Ин ба рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва таъмини суботу амният дар Осиёи Марказӣ муфид мебошад.

Зикр шуд, ки муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Россия дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, саноати кӯҳию металлургӣ, кишоварзӣ, фарҳангу маориф, ҳарбӣ-техникӣ ва муҳоҷират сол аз сол заминаи хуб касб намуда, ҳамеша дар ҳоли рушд қарор доранд.

-Ман фикри шуморо ба се самти ҳамкории асосӣ ҷалб мекунам, — гуфт Худобердӣ Холиқназар, — инҳо ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ҳарбӣ- техникӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ  мебошанд.

«Самтҳои зикршуда барои шарикии стратегӣ аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд ва ҳоло дар сатҳи хеле хуб қарор доранд», — илова намуд директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки аз рӯзҳои барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Россия – 8 апрели соли 1992 то имрӯз зиёда аз 230 созишномаи байнидавлатӣ ва шартномаҳо дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Санади муҳимтарини байнидавлатӣ – Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн ба ҳисоб меравад, ки 25 майи соли 1993 ба имзо расида, соли равон аз ин сана 25 сол сипарӣ гардид. Миёни ду кишвар робитаҳои фаъоли сиёсӣ ва алоқаҳои бевосита дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудаанд. Роҳбарони ҳарду давлат мунтазам дар доираи сафарҳои расмӣ ва корӣ, инчунин зимни ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ мулоқоту вохӯриҳои зиёди судманд анҷом медиҳанд, ки зимни онҳо муҳимтарин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия ба таври мушаххас баррасӣ мегарданд.

Аз моҳи марти соли 2002 Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории тиҷоратӣ- иқтисодӣ амал мекунад. Ҷаласаи охир – 15-уми  комиссияи мазкур 20 апрели соли 2018 дар шаҳри Москва баргузор гардид.

Иштирокчиён дар баробари баррасии дигар масъалаҳо дар самти содироти меваю сабзавоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Федератсияи Россия сухан карданд.

Зимнан, оид ба ин масъала охири моҳи октябри соли равон Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко таваҷҷуҳ намуда буд.

«Мо ният дорем ва тасмим гирифтаем, ки масоили ба тарзи озод ва бемамониат интиқол додани маҳсулоти кишоварзиро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҷоди усулҳои пурсамари молиявиро дар аснои ҳисобу китоб бо асъори миллӣ, ки имрӯз аҳамияти махсус касб намудаанд, баррасӣ намоем», – гуфт Матвиенко, навишта буд АМИТ «Ховар» дар истинод ба ТАСС.

Мавриди зикр аст, ки солҳои охир ҳамкории ду мамлакати дӯст дар соҳаи маориф раванди ба худ нав касб намудаанд. Аз ҷумла, бо ташаббуси роҳбарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Тоҷикистон чандин мактабҳои русӣ сохта шуда, ҳоло омӯзгорони русзабон аз Федератсияи Россия дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон дарс мегӯянд.

Ёдовар мешавем, ки мақсад аз баргузор намудани ҳамоиш пайдо намудани роҳҳои нави густариши ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи сатҳҳо мебошад.

Categorie: Tagikistan

Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Чин Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад

Ховар - Ven, 14/12/2018 - 07:00

ДУШАНБЕ,14.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони маъруфи тоҷик  Комроншоҳи Устопириён   дар мусобиқаи ҷаҳонии устодони дзюдо   «Guangzou Judo Masters 2018», ки 15-16  декабр дар шаҳри Гуанжоуи  Ҷумҳурии Мардумии  Чин баргузор мешавад, ширкат  мекунад.

Тавре аз Федератсияи дзюдои  Тоҷикистон ба мухбири  АМИТ «Ховар» хабар доданд, Комроншоҳи Устопириён ягона варзишгарест, ки дар ин мусобиқа  Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки  дар мусобиқаи ҷаҳонии «Guangzou Judo Masters 2018» иштироки  234 нафар гӯштингир (119 мард ва 115 зан) аз 53 кишвари панҷ қитъаи олам дар назар аст.

Мусобиқа дар 7 вазн байни мардон (-60,-66,-73,-81,-90,-100,+100 кг) ва дар 7 вазн миёни занон (-48,-52,-57,-63,-70,-78,+78 кг) баргузор мешавад.

Categorie: Tagikistan

Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҳунармандони ноҳияи Лахш қарзҳои имтиёзнок дода шуданд

Ховар - Ven, 14/12/2018 - 06:57

ЛАХШ, 14.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Лахш 4 нафар ҳунармандон аз пардохти андоз озод гардидаанд. Тибқи иттилои иқтисодчии филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Лахш Шукрулло Аҳмадов, имсол  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ба ҳунармандони ноҳия ба маблағи  500 000 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок  дода шуданд.

Ҳамчунин  бахшида ба ин сол бо ташаббуси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Лахш 200 нафар бонувону ҷавонони бешуғл  бо ҳунарҳои  дӯзандагӣ, намадбофӣ, гулдӯзӣ, кандакорӣ, кафшергари барқӣ ва ғайра фаро гирифта шуда, бо шаҳодатномаҳои касбомӯзӣ таъмин гардиданд.

Сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Лахш Шамсулло Ҳанафияев мегӯяд, ки барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ  ба 24 нафар ҳунармандони  бекоре, ки  дар қайди шуъбаи агентӣ буданд, аз ҳисоби маблағҳои шуъбаи агентӣ  ба маблағи 66 300 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Лахш дар арафаи ҷашнҳои миллӣ ва дигар маросим зиёда аз 20 маротиба намоиш ва  фурӯши ҳунарҳои мардумӣ доир гардидааст. Ба ин восита чеварони номӣ, оҳангарон, кадбонуҳои моҳир, кандакорон,  табақу қошуқсозон ва нақшофарон дар чӯб намунаи маҳсули дастони худро ба меҳмонону сокинони ноҳия пешниҳод намуданд.

Бояд гуфт, ки ду мардуми бо ҳам дӯсти ноҳияи Лахш-тоҷикон ва қирғизҳо маҳсули дастони мӯъҷизаофари хешро  пешкаши ҳаводорон менамоянд. Унсурҳои маданияти ҳарду мардум дар ин ҳунарҳои мардумӣ таҷассум ёфтаанд. Мақсад аз баргузории намоишҳои маҳсулоти ҳунармандӣ бедор кардани ҳисси зебоипарастӣ ва ҳувияти миллӣ дар замири насли созандаву бунёдкор, ташвиқу тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва аз  нав рушд додани анъанаҳои қадимии халқи тоҷик мебошад.

Воқеан ҳунар зодаи меҳру муҳаббати ҳунарманд аст. Маҳз муҳаббати ҳунарманд барои такмили ҳунар ва талоши пайвастаи ӯ барои тавлиди навгониҳои тоза ба тоза восита мегардад. Шахси ҳунарманд бо завқу салиқа ва ҳунари асилаш метавонад ба дастовардҳои бузург  муваффақ гардида, соҳибҳунар будани худро муаррифӣ намояд ва бо офаридаҳои ҷолиби хеш  дилҳои инсониро мафтун гардонад.

Вақте ки  сайёҳ ба ин ё он кишвар сафар мекунад, сараввал  аз мавзеъҳои таърихиву ҷойҳои  фарҳангӣ ва табиати дилфиреби он дидан менамояд. Ноҳияи Лахш, ки сарзамини дилфиребу биҳиштосост, метавонад дилхоҳ сайёҳро бо обу  ҳавои форам ва насими ҷонбахшу рӯду чашмаҳои зебояш мафтун гардонад.  Аз ин хотир барои ҷалби диққати сайёҳон   ба маҳсулоти миллӣ  дар маркази ноҳия нуқтаҳои фурӯши маҳсули  дасти ҳунармандони мардумӣ, аз қабили  ҷӯробу рӯймолҳо, куртаҳои гулдӯзиву чакан, кулоҳу ҳунарҳои гулдӯзиву бофандагӣ, ҷузвдон ва ғайраҳоро ба фурӯш гузоштаанд, ки ба ин восита сатҳи зиндагонии ҳунармандон  беҳтар мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи  байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018-ро дар мамлакат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Бо мақсади ҳавасманд гардонидани аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои мавриди ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши зиёда аз 100 намуди ҳунарҳои мардумӣ аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод гардид, ки ин амал ба ҳар як ҳунарманд рӯҳу илҳоми тоза бахшид.

Categorie: Tagikistan

Имрӯз дар Душанбе баррасии натиҷаҳои таҳқиқоти тиббӣ-демографӣ оғоз гардид

Ховар - Ven, 14/12/2018 - 06:50

ДУШАНБЕ, 14.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 декабр   натиҷаҳои таҳқиқоти тиббӣ-демографӣ-2017 /ТТД/ дар машварате, ки айни замон дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, муаррифӣ мешаванд.

Машварат бо ташаббуси Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифз иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумаки молиявию техникии Агентии рушди байналмилалии ИМА, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Хазинаи нуфузи СММ (ЮНФПА) баргузор гардида истодааст.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни машварат хабар медиҳад, дар он директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, муовини сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Гулмаҳмадзода, кордори Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коварт, муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии Хазинаи нуфузи СММ /UNFPA/ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наргис Раҳимова, роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ /UNICEF/ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лучиано Калестини сухан гуфтанд.

Дар машварат натиҷаҳои охирин таҳқиқоти тиббӣ-демографии ҷумҳурӣ, аз ҷумла  таваллуд, исқоти ҳамл, банақшагирии оила, фавти навзодон ва кӯдакон, солимии модарону кӯдакон, ғизо, ВНМО/СПИД ва бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ҳуқуқҳои занон ва зӯроварӣ дар хона, инчунин дигар масоили вобаста ба солимии аҳолӣ муаррифӣ мешаванд.

Зикр шуд, ки таҳқиқоти мазкур аз моҳи август то моҳи ноябри соли равон идома ёфта, дар он 200 нафар кормандони Агентии омор ҷалб шудаанд.

Categorie: Tagikistan

Низомномаҳои озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе тасдиқ гардиданд

Ховар - Ven, 14/12/2018 - 06:40

ДУШАНБЕ, 14.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низомномаҳо ва ҳайати Комиссияи озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе- «Омӯзгори сол», «Мураббии сол» ва «Хонандаи сол» тасдиқ  гардиданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин амал  бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддию маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт роҳандозӣ мегардад.

Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.

Ҳамчунин дар асоси ин қарор  муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳр, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати  тибқи тартиби муқарраргардида ташкилу баргузор ва ҷамъбаст намудани  озмунҳои    мазкур вазифадор гардиданд.

Categorie: Tagikistan

ПАЁМИ ТАБРИКИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони конфронсҳои илмии байналмилалӣ ба муносибати 400-солагии Сайидои Насафӣ ва 550-солагии Наҷмиддини Кавкабӣ

Ховар - Ven, 14/12/2018 - 05:39

ДУШАНБЕ, 14.12.2018./АМИТ «Ховар»/. Тавре дирӯз хабар додем, 13 декабр дар  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ таҳти  унвони   «Миробид Сайидои Насафӣ ва таҳаввулоти фарҳангию адабии Мовароуннаҳр» бахшида  ба 400-солагии ин  суханвар ифтитоҳ гардид. Дар оғози конференсия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли илм қироат намуд. 

Дар зер матни пурраи Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иштирокдорони конференсияҳои илмии байналмиладлӣ ба муносибати 400-солагии Сайидои Насафӣ ва 550-солагии Наҷмиддини Кавкабӣ  пешниҳоди хонандагон менамоем.

  Паёми табрикии    

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 ба иштирокдорони конфронсҳои илмии байналмилалӣ

 ба муносибати 400-солагии Сайидои Насафӣ

ва 550-солагии Наҷмиддини Кавкабӣ

 13-14 декабри соли 2018

 Баргузории чорабиниҳои илмӣ бахшида ба бузургдошти нобиғаҳои илм, адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо, арҷгузорӣ ва ҳифзи мероси адабӣ, фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумат ва давлати Тоҷикистони соҳибихтиёр ба шумор меравад.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018 имсол дар саросари кишвар санаҳои таърихии 550 — солагии мусиқидон, шоир ва навозандаи тоҷик Наҷмиддини Кавкабӣ ва 400 — солагии суханвари бузурги тоҷик Сайидои Насафӣ ҷашн гирифта мешаванд. Ин қарори моро низ Бунёди илму маориф ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) дастгирӣ намудааст.

Сайидои Насафӣ дар шаҳри бостонии Насаф ба дунё омада, давраи омӯзишу эҷодиёташ дар Бухоро ҷараён гирифтааст ва дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Сайидои Бухороӣ низ ёд шудааст. Сайидои Насафӣ аз худ осори баландмазмуни фаровон мерос гузоштааст, ки онҳо аз ҷумлаи дурдонаҳои таърихи адабиёти тоҷик ба ҳисоб мераванд. Мероси адабии Сайидои Насафӣ, ки ба шакли куллиёт ва девони ашъор то замони мо расидааст, аз ғазалиёт, қасидаву маснавиҳо, мухаммасу мусаддас, рубоиёту қитъаҳо, асарҳои тамсилии «Баҳориёт» ва «Шаҳрошуб» иборат мебошад. Сайидои Насафӣ дар ғазал анъанаҳои шоирони маьруфи гузаштаро давом дода, ба мавзӯъ, мазмун ва шакли онҳо тозакорӣ дохил кардааст.

Ҳамзамон, мусиқӣ дар таърихи тамаддуни тоҷикон яке аз навъҳои бостониву пурарзиши эҷодиёти бадеӣ ва мероси фарҳангӣ мебошад. Ҳунари бадеию зебоишиносӣ дар масири таърих тавассути устодони соҳибсабку соҳибмактаб ва донандагону меросбарони асил аз насл ба насл ва аз устод ба шогирд гузаштааст, ки яке онҳо мусиқидон, шоир ва навозандаи маъруфи тоҷик Наҷмиддини Кавкабӣ мебошад. Наҷмиддини Кавкабии Бухороӣ (1468-1532) дар замони хеш аз чеҳраҳои номдори адабию ҳунарӣ маҳсуб шуда, дар таҳқиқи мусиқӣ эътибори зиёд доштааст. Ӯ мактаби мусиқии Бухороро роҳбарӣ намуда, оид ба мусиқии тоҷик якчанд рисолаҳо таълиф кардааст, ки арзишмандтаринашон «Рисолаи мусиқӣ», «Рисола дар баёни Дувоздаҳмақом», «Куллиёти Дувоздаҳмақом», «Назми Дувоздаҳмақом» ба ҳисоб меравад.

Бовар дорам, ки дар кори конфронсҳо олимон ва донишмандон паҳлуҳои ҳанӯз таҳқиқнашудаи ҳаёт ва эљодиёти Сайидои Насафӣ ва Наҷмиддини Кавкабиро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба аҳамият ва моҳияти осори гаронмояи онҳо дар рушди адабиёт ва фарҳанги тоҷик фикру андешаҳои худро баён менамоянд.

Ба иштирокдорони конфронсҳо барори кор орзу менамоям.

 

               ПРЕЗИДЕНТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН                     ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

 

Categorie: Tagikistan

Ташрифи сайёҳони Россия ба Тоҷикистон меафзояд

Ховар - Ven, 14/12/2018 - 05:30

ДУШАНБЕ, 14.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон  шумораи сайёҳоне, ки аз Россия ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, нисбат ба соли гузашта афзудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз аввали моҳи январ то 30 сентябри соли 2018 тақрибан 123 ҳазору 504 нафар сайёҳони рус ба Тоҷикистон барои боздид омадаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  16577 нафар зиёд аст.

Ҳамчунин, тибқи иттилои Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия, ташрифи сайёҳони рус ба Ӯзбекистон низ   афзуда, ба Қирғизистон ва Чин, баръакс,   коҳиш ёфтааст.

Дар ин раддабандӣ Туркия дар зинаи аввал ва Шри-Ланка дар зинаи поён қарор доранд.

Қаблан агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия бар асоси назарсанҷӣ пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил карда буд.

Ёдовар мешавем, ки имсол бо мақсади рушд додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ин иқдоми Пешвои миллат, бешак, ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол такони ҷиддӣ мебахшад.

Categorie: Tagikistan

«РАНГОРАНГ». Дар Душанбе Фестивали ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегардад

Ховар - Ven, 14/12/2018 - 05:21

ДУШАНБЕ,14.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 декабр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Рангоранг» баргузор мегардад.

Тавре муовини аввали  директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафар Иброҳимов хабар дод,  дар фестивали мазкур маснуоти  косибон ба таври васеъ пешкаш карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар фестивал зиёда  аз 60 нафар косибон аз  тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ иштирок хоҳанд кард.

Фестивали «Рангоранг» бахшида  ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуда, он барномаи ҷамъбастии рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат мебошад.

Дар ин фестивал косибон аз вилоятҳои Хатлон ва Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, навоҳии Рашт ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ маҳсулоти худро манзур менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки Фестивали ҳунарҳои мардумии  «Рангоранг» бо  ташаббуси Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Categorie: Tagikistan

Футбол: дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона ва таҷрибавӣ оғоз кард

Ховар - Ven, 14/12/2018 - 04:40

ДУШАНБЕ, 14.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббии нави худ Усмон Тошев бозиҳои дӯстона ва таҷрибавии худро шоми дирӯз дар варзишгоҳи Султон Қобуси шаҳри Масқати Уммон оғоз кард. Шореҳи варзиши АМИТ “Ховар” Аловиддин БӮРИЕВ гузориш медиҳад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки аслан аз футболбозони ҷавон таркиб ёфтааст, дар як бозии таҷрибавию дӯстона бо дастаи мунтахаби Уммон қувва озмуда,  бо натиҷаи 2:1 мағлуб гардид.  Қисми аввали вохӯрӣ бе кушодани ҳисоб хотима ёфт. Дар нимаи дуюм  соҳибони майдон тавассути голҳои Муҳаммад Алғассонӣ (74) ва Мутаз Солеҳ (76) бартарии худро нишон доданд. Ба Шарафҷон Солеҳов, ки бори аввал дар ҳайати дастаи мунтахаби асосии мамлакат аз курсии эҳтиётӣ ба майдон омад, муяссар гардид, ки дар дақиқаи 89-ум тӯбро вориди дарвоза гардонад.

Ба ғайр аз Шарафҷон Солеҳов, боз Шоҳрух Қирғизбоев, Ҳусейн Нурматов, Шервонӣ Мабатшоев ва Кароматулло Саидов низ бори аввал дар ҳайати дастаи мунтахаби асосӣ ба майдон омаданд.

Рӯзи якшанбе, 16 декабр футболбозони тоҷик як бозии дигарро бо дастаи мунтахаби Уммон доир хоҳанд кард.

Бозии дӯстона

Уммон – ТОҶИКИСТОН – 2:1

Голҳо: Муҳаммад Алғасонӣ, 74 (1:0). Матаз Солеҳ, 76 (2:0). Шарафҷон Солеҳов, 89 (2:1).

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Сиёвуш Асроров, Хуршед Бекназаров, Зоир Ҷӯрабоев, Бахтиёр Қаландаров (Ҳусейн Нурматов, 80), Амирбек Ҷӯрабоев (Кароматулло Саидов, 84), Аҳтам Назаров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Шервонӣ Мабатшоев, 77), Комрон Турсунов, Эҳсони Панҷшанбе (Шарафҷон Солеҳов, 87), Ҷаҳонгир Эргашев (Шериддин Бобоев, 69).

Огоҳӣ: Хуршед Бекназаров (Тоҷикистон).

Довар дар майдон: Муҳаммад Ҳасан Маҳмуд Арафа (Урдун).

13 декабр. Масқат. Маҷмааи варзишии Султон Қобус. 1500 тамошобин.

Categorie: Tagikistan